Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб

13.06.22.3 1Бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 100 солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, устод Меҳрубон Назаров рӯзи 9 июни соли ҷорӣ дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-и ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шахри Хоруғ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Дар оғози намоишнома мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода суханронӣ намуда, ҳунармандонро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки “Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар доираи таҷлили 25-солагии Ваҳдати миллӣ ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намоишномаи “Лаъли Бадахшон” ба Кӯлобшаҳри бостонӣ қадам ранҷа намуданд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар оянда низ бо беҳтарин намоишномаҳо меҳмони сокинони шаҳр мегарданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки намоишнома аз рӯи асари драматурги тоҷик, устод Ҷумъа Қуддус, дар таҳияи коргардони театр Умеди Хисрав таҳия гардида, ҳунармандони ҷавони Театр тавонистанд дар иҷрои нақшҳои мусбию манфии ба зиммадошта худ ба хубӣ бароянд.

Ёдовар мешавем, ки намоишномаи мазкур дар озмуни “Парасту” сазовори ҷоиза гардида, дар ҷашнвораи “Фаҷр” дар шаҳри Теҳрон низ намоиш дода шуд. Намоиши “Лаъли Бадахшон” мардумро ба роҳи некиву накӯкорӣ, хайру сахо ва дӯстдории обу хоки ин сарзамин ва эҳтиром ба сарватҳои табиӣ даъват менамояд.

Дар анҷоми намоишнома ҳунармандони шаҳри Хоруғ арзи сипосу миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишномаи мазкур изҳор намуданд.

13.06.22.3 213.06.22.3 313.06.22.3 4