Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии дар меҳмонии донишҷӯён

13.06.22.2 2Рӯзи 9 июни соли равон Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо мазҳакаи драматурги шинохтаи тоҷик Султон Сафаров “Келини ҷойдорӣ” меҳмони саҳнаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гардид.

Мазҳака аз он ҷиҳат диққати тамошобинони донишкадаро ҷалб намуд, ки дар мавзуи барои ҷумҳурии мо муҳим – посдории оиларо дар бар мегирифт. Хушбахтона, дар ин асар дахолати хусуру хушдоман ба ҳаёти оилавии ҷавонон, ки сабаби асосии барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон дониста мешавад, созгору созанда аст. Модари хонадон (ҳунарпеша Орифа Ғафурова) ҷиҳати тарбияи келини ҷавонаш (дар нақш Сурайё Хоҷаева), ки бо писараш (ҳунарпеша Фирдавс Ҷӯраев) носоз асту ҳар лаҳза метавонад ба ҷудоии оилаи ҷавон анҷом ёбад, тадбирҳо андешида, муҷиби пойдор ва устувор мондани оила мегардад.

Намоишнома дар иҷрои ҳунарпешагони театр Умар Мирзоаҳмадов, Маҳира Қандова, Насиба Каримова, Муқим Икромов, ва дигарон аз ҷониби коргардон Суҳроб Шехов ва рассом Ғуломҷон Қосимов хеле ҷолибу диданӣ ба намоиш гузошта шуда, писанди тамошобинони ҷавони донишкада гардид.

13.06.22.2 1

Пас аз анҷоми намоиш сармаъмури театр Ҷобир Ғафуров иброз дошт, ки бо назардошти муҳиммияти мавзуъ, театр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки мазҳакаи мазкурро аз 9 то 16 июн дар ҳама ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба намоиш гузорад.

Роҳбарияти театр ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат барои фароҳам овардани шароити хуби намоиш миннатдорӣ баён намуд.

Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг