Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Бозомӯзии мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Узбекистон

10.06.2022.12 2Бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва комёбиҳои назаррас дар соҳаи фарҳанг як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, қабули “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 №549 тасдиқ шудааст, барои фаъолияти самараноки соҳа, беҳтар кардани сифати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ мусоидат мекунад.

Барномаи мазкур механизми амалишивии сиёсати давлатиро дар омода кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр, бозомӯзии кадрҳои соҳа, самаранокии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, такмили касбияти кормандони педагогию эҷодии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг шароити зарурӣ фароҳам меоварад.

Тибқи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар доираи ҳамкории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати такмили ихтисос дар курсҳои бозомӯзӣ 15 нафар устодону омӯзгорони соҳа аз муассисаҳои таълимии вазорат, аз 1 июни соли 2022 ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар гардиданд.

Аз ҷараёни бозомӯзӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Озодбек Назарбек дидан намуда, бо устодони соҳаи фарҳангу санъати тоҷик мулоқоту вохӯрии самимӣ баргузор намуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

10.06.2022.1310.06.2022.1410.06.2022.15