Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Боздиди ҳайати меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси байналмилалии Душанбе аз НБО-и «Норак»

10.06.2022.9Рӯзи 9 июни соли равон меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 6 то 9 июни соли равон дар Душанбе баргузор гардид, аз иншооти муҳими стратегии Тоҷикистон-Неругоҳи барқи обии «Норак» дар ҷануби кишвар дидан намуданд.Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси байналмилалиро дар даромадгоҳи шаҳри Норак роҳбарият, сокинони шаҳр бо нону намак, рақсу тарона ва бо меҳмоннавозии хоссаи тоҷикона пешвоз гирифтанд. Меҳмонон ва иштирокдорони конфронс бо фаъолияти неругоҳи азим шинос шуда, аз обанбори Норак, агрегатҳо ва Осорхонаи ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дидан намуданд. Сармуҳандиси НБО-и «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ба меҳмонон доир ба таърих ва фаъолияти неругоҳ маълумоти мухтасар дод.

Номбурда зикр кард, ки агрегати якуми НБО-и «Норак» 50 сол муқаддам -соли 1972 ба истифода дода шуда, моҳи декабри соли 1979 агрегати охирини неругоҳ барои истеҳсоли неруи барқ мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи сохтмони неругоҳ обанбори Норак ба вуҷуд омад, ки масоҳаташ 98 км мураббаъ, ҳаҷмаш 10,5 миллиард метри мукааб буда, 4,5 миллиарди мукааб оби обанбор ҳамчун оби тоза истифода бурда мешавад. Дарозии обанбор 70 км, бараш то 1 км, жарфияташ ба ҳисоби миёна 107 метрро ташкил медиҳад. Аз тарафи чап нақби обқабулкунак ва аз самти рост нақби обпарто мавҷуд аст. Зикр гардид, ки дар бунёди ин иншооти бузурги стратегию энергетикӣ намояндагони 50 халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон саҳм гузоштаанд.

Неругоҳи Норак бо истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза барои пешрафти саноати кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон-заводи алюминийи тоҷик, комбинати кимиёвии Ёвон ба кор даромаданд, ҳазорон гектар заминҳои ташналабу бекорхобида дар Ёвону Данғара шодоб ва ба қитъаҳои сабзу хуррами ҳосилхез табдил ёфтанд.

Гуфта шуд, ки неругоҳ дар як соат се ҳазор мегаватт неруи барқ ва дар як шабонарӯз 41,5 миллион кВт соат неруи барқ истеҳсол намуда, дорои 9 агрегат аст, ки ҳоло 8-тоаш фаъолият доранд. Дар як агрегат корҳои навсозӣ идома дошта, дар мавриди ба кор андохтани он дар маҷмӯъ дар як соат 3350 мегаватт неруи барқ тавлид мегардад. Таъкид гардид, ки солҳои қабл НБО –и «Норак» беш аз 75 фоизи аҳолии кишварро бо неруи барқ таъмин мекард. Баъди ба истифода додани силсиланеругоҳҳо дар дарёи Вахш, аз қабили НБО-и «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва агрегати якуму дуюми НБО-и «Роғун» ҳоло беш аз 55 фоизи аҳолии Тоҷикистон аз НБО-и «Норак» бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин мегарданд.Сарбанди НБО-и «Норак» 300 метр буда, бо истифода аз қуму шағал сохта шудааст ва дар асоси сертификатҳое, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дода шудаанд, яке аз сарбандҳои бехатар ва амн дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Мавриди зикр аст, ки обанбори калони неругоҳ барои рушди сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам овардааст. Дар поёни неругоҳ, қад-қади соҳилҳои дарёи Вахш тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ инфрасохтори гуногуни соҳаи сайёҳӣ-истироҳатгоҳҳо бунёд гардидаанд, ки дар рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии обӣ-варзишӣ дар ҷануби Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки меҳмонону иштирокдорони конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе ҳамзамон аз Неругоҳи барқии обии «Роғун», мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии Душанбе, Ҳисор ва Варзоб боздид намуда, бо захираҳои бой ва иқтидори обию энергетикӣ ва ёдгориҳои бостониву фарҳангии Тоҷикистон шинос гардида, таасуроти нек бардоштанд.

10.06.2022.1010.06.2022.1110.06.2022.12