Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об аз мавзеҳои зебои ноҳияи Варзоб дидан намуданд

10.06.2022.5Рӯзи 9 июни соли ҷорӣ меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 6 то 9 июни соли равон дар Душанбе баргузор гардид, аз ноҳияи Варзоб, ки дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст ва бо табиати зебо, куҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо ва шифобахшаш диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудааст, дидан карданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Меҳмонон нахуст аз истироҳатгоҳи «Хоҷа обигарм», ки дар баландии 1740—1960 метр ҷойгир аст, боздид намуданд. Манзараҳои зебои гирду атрофи истироҳатгоҳ дили меҳмононро тасхир кард. Дар ин ҷо меҳмонон инчунин аз гулу гиёҳҳои дармонбахши Тоҷикистон харидорӣ намуданд.

Сипас меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Маҷмааи истироҳатӣ-фароғатии «Кохи Малика» ташкил шуда буд, боздид намуда, бо шароиту имкониятҳои истироҳат дар Маҷмааи мазкур шинос гардиданд. Ёдовар мешавем, ки меҳмонону иштирокдорони конфронс ҳамзамон аз неругоҳҳои барқии обии «Норак», мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии Душанбе ва Ҳисор боздид намуда, бо захираҳои бой ва иқтидори обию энергетикӣ ва ёдгориҳои бостониву фарҳангии Тоҷикистон шинос гардиданд ва таассуроти нек бардоштанд.

10.06.2022.610.06.2022.710.06.2022.8