Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Меҳмонону иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба об аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор дидан карданд

10.06.2022.1Ҳайати меҳмонону иштирокчиёни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар шаҳри Душанбе аз кишварҳои Чин, Федератсияи Россия, Австралия, Афғонистон, Покистон, Италия, Иордания, Нидерландия, Швейтсария, Нигерия, Сингапур, Сенегал, Туркия, Тайланд, Франсия, Уганда, Бразилия, Венгрия, Зеландияи Нав, Исроил, Корея ва Қирғизистон рӯзи 9 июни соли равон ба шаҳри Ҳисор низ дидан намуданд.

Меҳмононро дар регистони Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор раиси шаҳр Қосим Роҳбар пазироӣ намуда, ташрифашонро ба шаҳр хайрамақдам гуфт.

Номбурда дар идомаи суханронии хеш қайд кард, ки “Иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бартараф кардани мушкилоти вобаста ба обу иқлим аз ҷониби СММ ҳамаҷониба дастгирӣ меëбанд, ки дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Амалишавии пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла баргузории даҳҳо чорабинии сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар доираи даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор дар шаҳри Душанбе дар баробари рушди минтақа ва кишварҳои ҷаҳон дӯстиву бародарии миллатҳоро қаввӣ гардонида, баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар ва минтақа заминаи устувор мегузорад.”

Дар даромадгоҳи Қалъаи таърихии Ҳисор сокинони шаҳр бо меҳмоннавозии тоҷикона, бо нону асал пешвоз гирифта, ба истиқболи меҳмонон бо якчанд забон дар васфи сулҳу дӯстӣ шерҳо қироат намуданд.

Сипас, меҳмонон аз гӯшаҳои Қалъи бостонии Ҳисор, дӯконҳои ҳунармандон, аз қабили атласу адрасбофӣ дидан карда, бо таърих ва ҳунарҳои мардумии дирӯзу имрӯзи шаҳри Ҳисор шинос гардиданд.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз мавзеи сайёҳии боғи зимистонаи “Шаршара” дидан намуда, аз таъриху фарҳанг, зебогиҳои табиати шаҳри Ҳисор бо як ҷаҳон таасурот ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

10.06.2022.210.06.2022.310.06.2022.4