Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти ҳисоботии ансамбли “Бонувон”-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

09.06.2022.2Бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 7 июни соли ҷорӣ дар толори “Ағунун”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” консерти ҳисоботии ансамбли “Бонувон”-и донишкада баргузор гардид.

Консерти ҳисоботӣ, ки фарогири шеъру суруд ва оҳангу рақсҳои ҷолибу дилнавоз, аз қабили “Тоҷикистон”, “Таронаи рӯд”, “Таронаи занон”, “Гулдухтарони тоҷик”, “Оби равон”, “Сабзинаранг”, “Сюитаи рақсӣ”, “Эй диёрам”, “Дарё” ва “Пешвои миллат” аз ҷониби ҳайати ансамбли “Бонувон” бо роҳбарии муаллими калон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Шарипова пешкаши ҳозирин гардид.

Пас аз анҷоми барномаи консертӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин суханронӣ намуда, ба устодон ва донишҷӯдухтароне, ки дар омода намудани консерти ҳисоботӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

Ректори донишкада дар идомаи суханронии хеш ёдрас шуд, ки “Бонувони донишкада дар қатори устодон ва донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон-Ватани азизи ман “ ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона ширкат варзида, донишкадаро муаррифӣ менамоянд”.

Ҳамзамон ректори донишкада устодон ва донишҷӯдухтарони ансамбли “Бонувон”-и муассисаро бо Диплом ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.

Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иттилоъ доданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

09.06.2022.309.06.2022.4