Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 дар шаҳри Душанбе брифинг доир шуд

09.06.2022.1Рӯзи 8 июни соли равон дар шаҳри Душанбе, дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» бахшида ба Конфронси оби Созмони Миллаи Муттаҳид-2023, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамраисӣ мекунанд, брифинг баргузор гардид, дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» аз «Кохи Сомон» хабар медиҳад.

Ба иттилои мухбир дар нишаст роҳбари котиботи конфронс, раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода ва Намояндаи вижаи Подшоҳии Нидерланд оид ба ҳамкории байналмилалии об Ҳенк Овинк дар бораи нақшаву ҳадафҳои Конфронси дуюми Душанбе ва Конфронси оби СММ-2023 маълумот пешниҳод намуданд.

«Ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Мақсади ниҳоии мо ҷаҳонро барои об муттаҳид кардан аст», — иброз намуд Султон Раҳимзода.

«Суоле ба миён меояд, ки чаро дар Конфронси оби СММ-2023 соли оянда маҳз Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисӣ мекунанд? Чунки Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор аст ва ҳамчунин кишвари дорои зиёди пиряхҳо мебошад. Недерланд бошад дар навбати худ мамлакатест, ки дар соҳили баҳр ҷой гирифтааст ва моро тамоман ду масъалаи гуногун ба ҳам меорад. Ин ду кишвар бо фарҳанги мухталиф, тараққиёти гуногунро танҳо масъалаи об бо ҳам наздик кард, то ки ба манфиати мардум ва об ҳамкорӣ намоянд. Мо ин равишро «From South to sea» номидем, ки барои раванди об муҳим мебошад», — афзуд Султон Раҳимзода.

«Ҳукумати Подшоҳии Нидерланд дар масъалаҳои об ва ташкили конфронси дуюм бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Дар давраи пандемия зарурати обро ҳама бори дигар ҳис карданд, зеро тавсияи духтурон, пеш аз ҳама, аз шустани дастон ва тозагӣ иборат буд. Мо бояд дар доираи ин ташаббусҳо оид ба тағирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, аз ҷумла барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор амал кунем. Аз ҳамин лиҳоз зарур аст, ки мо дар масъалаи об муттаҳид бошем ва барои ҳалли ин масъалаи ҷаҳонӣ кушиш ба харҷ диҳем. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем ҳадафҳои пешгирифтаамонро амалӣ намоем. Албатта, ин кори осон нест, зеро об ҳаёт аст ва саломатии мо ҳам аз он вобастагӣ дорад», — гуфт Намояндаи махсуси Подшоҳии Нидерланд оид ба ҳамкории байналмилалии об Ҳенк Овинк .

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор хоҳад шуд.