Рӯзи 7 июни соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бо иштироки наврасону ҷавонони боистеъдод даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз рӯи номинатсияҳои Низомномаи озмун баргузор гардид.
Озмун бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ташкил гардидааст.
Дар озмун довталабон бо иҷрои суруду оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикӣ, ба талаботи Низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯ, баромад намуда, довталабони беҳтарин ба даври навбатии Озмун роҳхат гирифтанд.
Бояд гуфт, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар даврони ҷаҳонишавии фарҳангҳо ба тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа махсусан ҷавонону наврасон нақши басо муҳим мегузорад.