Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 6 то 9 июни соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, аз иншооти бузурги обиву энергетикии Тоҷикистон назири неругоҳҳои барқии обии «Роғун», «Норак», мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии Душанбе, Ҳисор, Варзоб боздид намуда, бо захираҳои бой ва иқтидори обию энергетикӣ ва ёдгориҳои бостониву фарҳангӣ ошно мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» беш аз 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доранд.