Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 18:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об дар маҷаллаи маъруфи англисизабони «Trends» инъикос гардид

07.06.22.4 3Дар шумораи панҷуми маҷаллаи маъруфи англисизабони «Trends»-и Эрон мақолае таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об пешсаф аст» ба нашр расид, ки он ба ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об бахшида шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мақола чор ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об таъкид шудааст.

Дар хулосаи мақола, ки бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба нашр расидааст, зикр шудааст, ки ташаббусҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, назари навро дар истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон талқин менамоянд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи пойдор мегузоранд.

07.06.22.4 207.06.22.4 107.06.22.4 4