Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Душанбе таҳти инвони «Об ва кӯҳҳо роҳ ба сӯи рушди устувор» ҳамоиш доир шуд

07.06.22.1 1Рӯзи 6 июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Об ва кӯҳҳо роҳ ба сӯи рушди устувор» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони соҳаи об иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ба иттилои мамба ҳамоиши мазкур бо ибтикори Муассисаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг /ЮНЕСКО/, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ созмон дода шуда, ҳадафаш баррасии масъалаҳои марбут ба об ва кӯҳҳо дар самти рушди устувор мебошад. Дар ҷамъомад котиби генералӣ, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон, намояндаи махсуси котиби генералӣ оид ба Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман, ёвари мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ Шамила Наир-Бедуэл ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба об ва нақши он дар рушди устувори давлатҳо, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоми миллат, Прзеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки 93 фоизи масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин мамлакати офтобрӯя дар радифи дигар сарватҳои бои табиӣ дорои захираҳои обӣ, аз ҷумла пиряҳо мебошад, ки сарчашма ва таъминкунандаи асосии ҳавзаҳои дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, дар самти рушди устувор дар минтақа нақши калидӣ доранд.

Таъкид гардид, ки зарфи даҳсолаҳои охир раванди гармшавии бошиддати иқлим дар сайёра ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири худро расонида истода, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳишёбии захираҳои обӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти экологӣ дар сатҳи глобалӣ ба шумор меравад. Бо назардошти тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо, ки зарфи даҳсолаҳои охир дар кишвари мо қариб ҳазор адади он нест гардидааст Сарвари давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, инчунин дар оянда «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад.

Гуфта шуд, ки истифодаи захираҳои обӣ бо мушкилоти афзоиши аҳолии сайёра, тағйирёбии глобалии иқлим, буҳронҳои молиявӣ, энергетика ва озуқаворӣ иртиботи қавӣ дошта, соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоии сайёра, хусусан гидроэнергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳое, ки ба таъмини озуқавории ҷаҳон ва рушду тавсеаи иқтисодиву иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, маҳз тавассути захираҳои обӣ густариш меёбанд ва омили муҳими рушди устувор дар ҷаҳон мебошанд.

07.06.22.1 207.06.22.1 3