Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон”

284799603 321423520174686_6645690711192265195_n_1Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саросари мамлакат, миёни хонандагони синфҳои 8 ва 9 –и муштариёни фаъоли китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” баргузор гардид.

Дар озмун зиёда аз 280 нафар довталабон иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ 24 нафар роҳхат гирифтанд, ки аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳогузорӣ шуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд. Довталабон бо маҳорати баланд, донишу малакаи беандоза иштирок намуда, ғолибон сазори Ифтихорнома, Сипоснома, ҷойҳои ифтихорӣ ва Шоҳҷоиза гардиданд.

Рӯзи 4 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти Озмун бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, намояндагони Китобхонаҳи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, кормандони Вазорати фарҳанг ва хонандагони фаъоли китобхонаҳо баргузор шуд.

286166032 321422933508078_5366490010262491343_n

Нахуст муовини вазир аз намоиши китобии нашриётҳои “Адиб”, “Ирфон” ва “Хонаи китоб”, ки дар даромадгоҳи Муассиса манзури тамошобинон гардонида шуд, дидан намуда, бо китобҳои тозанашри ин нашриётҳо шинос шуданд. Дар намоиш китобҳои илмӣ, бадеӣ, соҳавӣ ва бачагона, ки ба тозагӣ рӯи чоп омадаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд. Сипас, маросими деринтизори мукофотсупорӣ ба ғолибони озмун шурӯъ гардид.

Дар оғози маросим Шарифзода Манучеҳр Муртазо ғолибону иштирокчиёни озмунро бо ҷашни китоб табрику таҳният гуфта, дар роҳи илмомӯзӣ, китобхониву китобдӯстӣ ба хонандагон комёбиҳо таманно намуд.

Муовини вазир дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ки “Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизи мо ҷашнвораву тантанаҳо, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон идома доранд.

Дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” низ басо рамзист, зеро китоб сарчашмаи донишу маърифат ва раҳнамо дар роҳи созандагӣ мебошад.

286261741 321422563508115_4714787653165815161_n

Вазорати фарҳанг пайваста баҳри боз ҳам ҷоннок гардидани кор дар сатҳи китобдорӣ, нашри китоб, тартиби он ва зиёд гардидани шумораи хонандагони китобхонаҳо, ки дар тарбияю ташаккули зеҳнии наврасон, дар бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ ва худогоҳии насли наврас нақши бориз доранд, тадбирҳои судманд меандешад.” Сипас, дар фазои тантанавӣ ба саҳмгузорон, мудирони китобхонаҳо ва ғолибони озмун маросими мукофотсупорӣ оғоз гардид.

Нахуст, аъзои ҳакамони озмун Хушдил Раҳимҷон-сармуҳаррири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, Сафарзода Ҳусайн - директори Китобхона ва Гулнора Азизова корманди Китобхона ва мудирони китобхонаҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ бо Сипосномаи Вазорати фарҳанг сарфароз шуданд.

Барои иштироки фаъолона як қатор довталабон: Норов Рӯдакӣ аз шаҳри Панҷакент, Фаридуншоҳи Фахриддин ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Амиршозода Меҳроб ноҳияи Ҳамадонӣ, Самирабонуи Сангин шаҳри Турсунзода, Шарипова Санифа ноҳияи Кушониён сазовори ҷойи ифтихорӣ ва бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Аз миёни хонандагони синфи 8: Дӯстмуродзода Меҳриннисо ноҳияи Спитамен, Раупова Оиша ноҳияи Тоҷикобод, Мадинаи Нусратшо ноҳияи Хуросон, Бобоева Холисабону шаҳри Кӯлоб сазовори ҷои сеюм, Фирӯзаи Тоҷиддин ноҳияи Рашт, Обидҷонзода Шаҳноза шаҳри Ваҳдат, Мамадназарбекова Нуринисо ноҳияи Шуғнон сазовори ҷои дуюм ва Наимова Нисо ноҳияи Дӯстӣ, Раҳимзода Абдуфаёз шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷои аввал шуданд.

Аз миёни довталабони синфи 9:Нозияи Рустам ноҳияи Сино, Шарифова Мадина ноҳияи Зафаробод, Робияи Хайриддин шаҳри Ҳисор, Худоиев Мирзо ноҳияи Мурғоб соҳиби ҷои сеюм, Рафиева Фархунда ноҳияи Ҳамадонӣ, Рафиева Меҳрона ноҳияи Файзобод, Бойматова Мастура шаҳри Турсунзода соҳиби ҷои дуюм ва Нуъмонова Пайваста шаҳри Панҷакент, Маҳмудова Мадина ноҳияи А. Ҷомӣ сазовори ҷои якум гардиданд.

Шоҳҷоиза насиби Муродалиева Фарзона - хонандаи синфи 9-и Литсеи Оғохон дар шаҳри Хоруғ гардид.

Ғолибони Озмун бо мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ низ қадрдонӣ шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби наврасони Муассисаи давлатии Филармонияи бачагона барномаи рангини мусиқӣ иборат аз суруду таронаҳои дилнишину гушнавоз манзури меҳмонону иштирокчиён гардид.

283913754 321423646841340_7128986577797946465_n285977512 321422510174787_4645829953825138532_n286003423 321422693508102_2524184006545771602_n286070711 321422846841420_2868246388138396618_n286071425 321422740174764_2216744542601751437_n286211320 321423086841396_6022037217917470976_n

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг