Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ФЕСТИВАЛИ ОБ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

04.06.22Санаи 6-уми июн дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии "Наврӯзгоҳ" Фестивали оби Душанбе баргузор мешавад.

Тавре роҳбари котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд Султон Раҳимзода иброз намуд, Фестивали об аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо иборат аст.

Барои ширкат дар Конфронс ҳудуди 2000 нафар сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ номнавис шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз санаи 6-ум то 9-уми июн дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028" таҳти унвони "Фаъолгардонии амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ" баргузор мегардад.

Ин конфронси марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028", ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд.

Маҷаллаи "Илм ва ҳаёт"