Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 16:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

28 нафар довталабон аз Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ ба даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” роҳхат гирифтанд

03.06.22.6

Рӯзи 3 июни соли равон, дар толори калони Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” маросими ҷоизасупории даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.

Чорабиниро директори Мактаб-интернат Ҷасур Комилов ифтитоҳ намуда, ба довталабони даври шаҳрӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

Ҳамзамон, муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саодат Шукурова, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Сироҷиддин Киромзода зимни суханрониҳои хеш, барои иштироки фаъолона ва ғолибият дар даврҳои минбаъдаи озмун ба иштирокчиён комёбиҳо орзу намуданд.

Намояндагони роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани даври ноҳиявии озмун ба роҳбарияти Муассиса изҳори сипос карданд.

Дар фарҷоми маросим Саодат Шукурова ғолибони даври ноҳиявии озмунро ба мукофотҳои пулӣ ва Сипосномаҳо сарфароз гардонид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки 28 нафар довталабон аз Мактаб- интернати мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ дар жанрҳои академӣ, эстрадӣ, анъанавӣ ва композиторӣ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки даври ноҳиявии Озмун рӯзи 17 майи соли равон дар толори калони Муассиса бо иштироки 65 нафар довталаб аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор гардида буд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг