Рӯзи 2 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо сурат гирифт.
Дар ҳузури сарони давлатҳо 7 санади нави ҳамкорӣ: аз ҷумла - Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2023 ба имзо расид.
Созишнома аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Озодбек Назарбеков ба имзо расид.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг