Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб”

03.06.22 6

Рӯзи 2 июни соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” баргузор гардид.

Дар даври ноҳоии Озмун зиёда аз 20 нафар хонандагони фаъоли китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Директори Китобхона Сафарзода Ҳусайн чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ташрифи иштирокчиёни озмунро аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба китобхона хайрамақдам гуфта, барору комёбиҳо барояшон орзу намуд.

Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Озар Орифӣ Баҳромзода аз иштироки фаъоли хонандагони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар озмун сухан гуфта, барои довталабон дар даври ниҳоӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

Ҳамзамон, номбурда дар идомаи суханронии хеш ба наврасони китобдӯсту китобхони мамлакат тавсияҳои муфиду шуниданӣ ироа намуд. Дар даври ҷумҳуриявии Озмун ҳакамон дар ҳайати Хушдил Раҳимҷон - сармуҳаррири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, Сафарзода Ҳусайн-директори Китобхона ва Гулнора Азизова корманди Китобхона ба донишу малакаи иштирокчиён баҳогузорӣ карданд.

Иштирокчиёни фаъоли озмун Мародалиева Фарзона аз шаҳри Хоруғ, Мамадназарбекова Нуринисо ноҳияи Шуғнон, Бойматова Мастура ва Самирабонуи Сангин шаҳри Турсунзода, Норов Рӯдакӣ шаҳри Панҷакент, Робияи Хайриддин шаҳри Ҳисор, Рафиева Меҳрона ноҳияи Файзобод, Обидзода Шаҳноза шаҳри Ваҳдат ва Шарипова Санифа ноҳияи Кушониён ба суолу пурсишҳои ҳакамон ҷавобҳои дурусту амиқ пешниҳод намуданд.

Довталабон бо донишу маҳорати баланд ширкат варзида, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва соҳиби Диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ мегарданд. Хотиррасон мешавем, ки ҷамъбаст ва маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” рӯзи 4 июни соли 2022, соати 10.00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар баргузор мегардад.

Аз намояндагони воситаҳои ахбори омма эҳтиромона даъват карда мешавад, барои инъикоси ҷамъбасти озмун дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мусоидат намоянд.

03.06.22 103.06.22 203.06.22 303.06.22 403.06.22 503.06.22 7

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг