Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 02:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи фарҳанг ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ дар вилояти Суғд

02.06.22.3 3Дар робита ба амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 31 майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинарҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи фарҳанг ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", "Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025" ва "Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025" баргузор шуданд.

Дар семинар ва мониторинг аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Орифӣ Озар Баҳромзода ва сардори Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста Олимшоев Акмал иштирок намуда, иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаҳоро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Инчунин, вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ, таъминот бо кадрҳои соҳибтахассус, пешниҳоди дурусти ҳисоботҳои хаттию оморӣ, ҷараёни омодагиҳо ба баргузории чорабиниҳои гуногун - озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Чароғи ҳидоят", "Гулзори маърифат" ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба кормандони муассисаҳои фарҳангӣ дастуру тавсияҳои амалию методӣ ироа гардиданд.

02.06.22.3 102.06.22.3 2

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг