Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи «Бозторгай», бо иштироки 700 нафар наврасони лаёқатманд аз 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова аз рӯи номинатсияи «Иҷроиши мардумӣ» дар дутор сазовори ҷои 1-ум гардид.
Иштирокчиёни озмун аз рӯи номинатсияҳои «вокал», «хореография» ва «иҷроиши мардумӣ» ширкат варзиданд.
Севара Шарипова дар озмун аз худ маҳорати баланди эҷодӣ нишон дода, сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардид.
Муваффақияти дуторнавози ҷавон - Севара Шариповаро табрику таҳният мегӯем.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг