Рӯзи 1 июни соли равон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, бо ташаббуси Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев дар Муассисаи давлатии хонаи кӯдакони рақами 1-и барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо”- дар назди Мактаб-интернати Чорбоғ ва Муассисаи давлатии беморхонаи кӯдаконаи сили шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ тақдим гардид.
Ҳунармандони боистеъдоди Филармония-Бахтиёр Оқилов, Нуроншо Латипов, Сумбула Алматова, Ҷонов Акбариддин ва дигарон бо иҷрои суруду таронаҳои шуху дилангез хотири кӯдакону наврасони ятиму бепарасторро шод гардониданд.
Кӯдакон бо шавқу завқи беандоза дар ҳавои сурудҳои ирҷонамудаи ҳунармандон мерақсиданду меболиданд.
Ҳамзамон, чунин як барномаи ҳунарӣ дар толори Филармония барои кӯдакону наврасони Ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбони “Меҳрбахш” баргузор шуд.
Ҳунармандони Филармония барои кӯдакони имконияташон маҳдуди кишвар барномаи зебою диданиеро манзур гардониданд, ки наврасон бо хушҳолӣ аз ин барнома истиқбол намуданд.
Кӯдакону наврасони муассисаву марказҳои дар боло зикршуда Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бо шодӣ, рақсу сурудхонӣ истиқбол намуданд, ки ин аз чеҳраҳои гарму самимии онҳо ҳувайдо буд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбони “Меҳрбахш” роҳбарияти Филармонияи Давлатии Тоҷикистон, барои пешниҳоди чунин як барномаи рангини фарҳангӣ бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг