Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории намоиш-фурӯши китоб дар саҳни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон»

kitobМуассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ дар саҳни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади рушди китобу китобхонӣ намоиш-фурӯши китоб ташкил кард.

Аз ҷониби кормандони муассиса 21 ҷилди силсиламаҷмӯаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода гардидаанд.

Дар намоиш – фурӯш аз ҷилди 11 то 21 бо забони русӣ ва аз ҷилди 13 то 21-и асари мазкур бо забони тоҷикӣ пешниҳод гардид.

Тибқи ҷадвали баргузории чорабинӣ намоиш-фурӯш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоли Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов баргузор шуд.

Рӯзи 18 майи соли равон чунин як намоиш-фурӯш дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид, ки устодону донишҷӯёни ин муассиса бо шавқу завқи беандоза дар намоиш ширкат фарзида китобҳои мавриди писанди хешро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Муассисаи нашриявии «Ирфон» намоиш-фурӯши китобҳои муассисаро идома дода, рӯзи 19 май дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам баргузор кард.

Рӯзҳои 20 май дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 21 май дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, 24 май дар Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, 25 май дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, 26 май дар Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии “МИСИС” дар шаҳри Душанбе, 27 май дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши китоб доир намояд.

Бо теъдоди зиёд нашр ва паҳн намудани китоби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-«Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ки тарғибкунандаи рӯҳи истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ, ормонҳои миллӣ, ҳимоя аз асолати фарҳангӣ ва тамомияти арзист, айни муддао хоҳад буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамолики хориҷ китобҳое, ки дар роҳи ҳимояи манофеи миллӣ навишта мешаванд, бо теъдоди хеле зиёд ва аз ҷиҳати полиграфӣ дар сатҳи баланд нашр гардида, дастраси хонандагон мешаванд ва ҳамзамон бо инобати талаботи ҷомеа пайваста бознашр мегарданд.

Дар ин бора Қурбон Ғуломзода-директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» хабар дод.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг