Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории намоиш-фурӯш ва тақдими китобҳои ройгон ба Китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш

19.05.22.5Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр сафари Корвони китобро ба ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш идома дод.

Рӯзи 18 майи соли равон Корвони китоб дар назди Кохи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашрро баргузор намуд.

Дар намоиш-фурӯш сокинони ноҳия, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мақомотҳои қудратӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамоатҳои ноҳия, устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, китобҳои мавриди писанди хешро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” аз ҳисоби “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 573 нусха китоб бо маблағи 2878 сомонӣ тариқи ройгон ба китобхонаҳои ноҳия тақдим намуд.

Сафари Корвони китоб рӯзи 19 майи соли ҷорӣ ба ноҳияи Лахш сурат гирифт, ки дар саҳни Китобхонаи марказии ноҳия намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор шуд.

Саҳни Китобхона намояндагони сершумори маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мақомотҳои қудратӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамоатҳои ноҳия, омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъ омада, китобҳои мавриди алоқаи хешро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 1082 нусха китоб бо маблағи 37675 сомонӣ ройгон ба китобхонаҳои ноҳияи Лахш тақдим гардид.

Сокинон, кормандон, муштариёни китобхонаҳои ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш барои дастрасӣ бо китобҳои тозанашр сипосу миннатдории хешро аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Ҷараёни баргузории намоиш-фурӯш ва тақдими ройгони китобҳои тозанашр дар ноҳияҳои зикргардида тавассути воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ пахш гардид.

Содиқи Завқӣ - директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дод.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг