Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи ҷавононро ботантана ҷашн гирифт

19.05.22.1 1

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рӯзи 18 майи соли равон тибқи нақша дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи кор бо ҷавонони донишкада ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён ва гурӯҳи калони хонандагони муассисаҳои таълими миёнаи умумии шаҳри Душанбе намоиши тантанавии иттилоотӣ-ташвиқотӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Намоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат оғоз бахшида, аз саҳми муҳими ҷавонон дар рушди санъати тасвирии ҷумҳурӣ ёдовар шуд ва аҳли нишастро аз номи раёсати донишкада бо санаи муҳими таърихӣ- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфт.

Сипас дар назди ҳозирин муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбизода С. С. баромад карда, зикр намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи сиёсати ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Тоҷикистон миёни мамлакатҳои муштаракулманофеъ аввалин шуда дар бораи сиёсати ҷавонон қонун қабул намуд. Дар 30 соли истиқлолият дар ҷумҳурӣ барои ҷавонон як қатор имтиёзҳо муқаррар карда шуданд. Зиёда аз 40 ҳазор ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Сафи гирандагони идрорпулии президентӣ сол то сол афзоиш меёбад. Албатта, ҳамаи проблемаи ҷавононро дар як муддати кутоҳ ҳал кардан мушкил аст. Бо вуҷуди ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои ҳалли проблема ва беҳтар кардани шароити кору таҳсили ҷавонон кӯшиши зиёде ба хорҷ медиҳад. Имрӯз Кумита дар дохили ҷумҳурӣ вохӯрии ҷавонони як вилоят бо вилояти дигарро ташкил карда истодааст. Аллакай дар доираи ин чорабинӣ беш аз 2 ҳазор ҷавонон аз Суғд дидан карда, бо ҷавонони ин вилояту тарзи зисти онҳо ошно шуда, миёни ҳамдигар дӯстӣ барқарор намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ чанде аз кормандони масъули донишкада бо Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба як гурӯҳ донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фурӯғи маърифат” бо Ифтихорномаҳо ва мукофоти пулии раёсат ва иттифоқи касабаи донишкада сарфароз гардиданд. Намоишро гурҳи муштараки ҳунарии Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва донишкада бо рақсу таронаҳои дилнишин зинату тароват бахшиданд.

19.05.22.1 219.05.22.1 419.05.22.1 3