Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

19.05.22.2 6Рӯзи 18 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Алиев, роҳбарият, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо сухани табрикӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои муассир андешида шуданд. Сиёсати созанда ва дурандешонаи Сарвари давлат ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардонидани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии ҷавонон падидаи бесобиқа аст.

Бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 23 - юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳамзамон, бо иқдоми Сарвари давлат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Ҳамзамон, моҳи феврали соли 1998 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ ва моҳи марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шуданд. Инчунин, барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» таъсис дода шуд.

Ректори донишкада ёдрас шуд, ки устодон ва донишҷӯёни донишкада барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми чорабиниҳои давлатию миллӣ, конфронсу семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бо маърузаю мақолаҳои илмӣ баромад намуда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон Ватани азизи ман “ ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона ширкат меварзанд.

Мавсуф дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ки соли гузашта аз донишкада дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 17 нафар иштирок кард ва аз ин миён 4 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфта, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар озмуни “Тоҷикистон Ватани азизи ман“ бошад, 26 нафар ширкат варзида, аз ин миён 5 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, 1 нафар бо Диплом сарфароз гардонда шуд. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур Шоҳҷоиза насиби донишҷӯи донишкада Нуринисо Исрибшоева гардид.

Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки дастовардҳои донишкада дар самти байналмилалӣ низ назаррасанд. Танҳо дар давоми соли ҷорӣ 36 нафар донишҷӯи донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Аз натиҷаи иштироки фаъолона ва ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ дар соли ҷорӣ ба унвонии донишкада 39 адад диплому сипоснома ворид гардид, ки аз онҳо 5 адад - Дипломи лауреати дараҷаи 1, 2 адад - Дипломи лауреати дараҷаи 2, 4 адад - Дипломи дараҷаи 3, 11 адад - Диплом барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён, 5 адад - Сипоснома барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар онлайн - вохӯрии байналмилалӣ ва 12 адад - Сипосномаи фахрӣ ба кормандону устодони донишкада барои ҳамкорӣ дар баргузории озмунҳои байналмилалӣ ва омода намудани ғолибони озмунҳо мебошад.

Муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Алиев перомуни иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, ҷойгоҳи онҳо дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ибрози ақида намуданд.

Дар доираи чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як қатор устодону донишҷӯёни донишкада бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада иборат аз суруду таронаҳои дилнишин ва рақсҳои ҷаззоб писанди тамошобинон гардид, ки бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гиифтанд.

19.05.22.2 1 19.05.22.2 319.05.22.2 2 19.05.22.2 4 19.05.22.2 5 19.05.22.2 7