Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Осорхонаҳо-воситаи муҳими табодули фарҳангӣ: баргузории ҳамоиш дар нашриёти “Ирфон”

19.05.22Рӯзи 18 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, дар Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Осорхонаҳо –воситаи муҳими табодули фарҳангӣ» ҷамъомад баргузор гардид.

Директори Муассиса Қурбон Ғуломзода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки «Осорхонаҳо дар ҷомеа нақши калон дошта, дар он мавод ва ашё барои шиносонидани кишвар ҷамъ оварда мешаванд. Дар ин махзан ашёи нодир ва беназире муаррифӣ мешаванд, ки диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб месозанд. Осорхона ҳадафи таъкид кардани аҳамияти арзишҳо ҳамчун мерос барои нигоҳ доштани муттасилии фарҳангро дорад. Ин аст, ки таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг сол аз сол рушду тараққӣ намуда, осорхонаҳои мамлакат низ бо ашёи нодир ва беназир пурра мешаванд».

Зикр шуд, ки Осорхона муассисаи иҷтимоию фарҳангиест, ки ёдгориҳои санъат, таърих, илм, техника ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсонро ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва нигоҳ медорад. Ғайр аз ин, ин муассиса ба корҳои таълимӣ машғул буда, барои тамошои мардум намоишгоҳҳо омода мекунад. Осорхона аз коллексияҳои хусусии санъат, ашё ва нигораҳои нодир сарчашма мегирад, ки ҳамаи онҳо ҳамеша афзалияти таваҷҷуҳи фарҳангии як давраи мушаххасро инъикос менамоянд.

Дар чорабинӣ оид ба таҳияи китоб, дастур, варақаҳои иттилоотӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, кормандони муассиса аз ҷониби роҳбарияти муассиса вазифадор гардиданд, ки дар нақшаи кории фардӣ оид ба бурду бохти осорхонаҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисон маводи чопӣ таҳия намоянд.

Дар фарҷоми ҳамоиш оид ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон филми мустанад пешкаши иштирокчиён гардид.