Рӯзи 17 майи соли равон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-154 “Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар соли 2022” дар толори калони Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ” даври ноҳиявии озмун бо иштироки довталабон аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар Озмун ҳайати ҳакамони нуктасанҷ аз мутахассисони баландихтисоси санъат ба баромади довталабон баҳогузорӣ намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки соҳибистеъдодҳо аз муассисаҳои соҳавӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Фирдавсӣ, тибқи Низомномаи озмун аз рӯи жанрҳои академӣ, эстрадӣ, анъанавӣ ва композиторӣ бо теъдоди 65 барнома иштирок намуданд.
Дар ҷараёни баргузории Озмун муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саодат Шукурова, сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Фирдавсии пойтахт Сироҷиддин Киромзода ва коршиносони соҳа ҳузур доштанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 65 барномаи пешниҳодгардида 35 барнома аз ҷониби муҳассислини Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ” пешниҳод гардид.
Мавриди зикр аст, ки довталабон бо маҳорату истеъдоди баланди касбӣ дар Озмун ширкат варзиданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг