Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 15:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Осорхона: масъалаҳо ва самтҳои асосии афзалиятноки рушди он дар замони муосир”: баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ дар Осорхонаи миллӣ

16.05.22.3 7

Рӯзи 16 майи соли ҷорӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо”, ки ҳамасола дар саросари дунё рӯзи 18 май таҷлил мегардад, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Осорхона: масъалаҳо ва самтҳои асосии афзалиятноки рушди он дар замони муосир” баргузор намуд.

Дар ҳамоиш муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, Осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, коршиносони соҳа, кормандони Вазорати фарҳанг, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намояндагони ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст иштирокчиёни Конференсия аз намоиши "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" дидан карданд.

Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Озар Орифӣ Баҳромзода ба кори Конференсия ҳусни оғоз бахшида, ҳузури меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.

Сипас, Назариён Обид Одилзода зимни суханронии хеш бахшида ба Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо аҳли нишастро табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки “Зери сиёсасати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг рушду румӯъ кард. Бахусус фаъолияти Осорхонаҳо дар ҷумҳурӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Имрӯзҳо дар мамлакат 102 Осорхона фаъолият карда, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 40 Осорхона сохта ба истифода додашуда, 25 Осорхона азнавсозӣ ва таъмиру тармим гардид.

Ҳамасола рӯзи 18 май Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо таҷлил мегардад, ки дар ин радиф як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ –аз қабили “Шабе дар Осорхона” баргузор мегардад, ки дар ин рӯз дари ҳамаи Осорхонаҳо барои тамошобинон боз аст. Аз ҳар яки Шумо хоҳиш дорам, касби худро дӯст доред, ба таъриху фарҳанги миллати хеш арҷ гузоред”.

Муовини директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафар дар суханронии хеш иштирокчиёни ҳамоишро бо Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо табрику шодбош гуфта, Осорхонаро инъикосгари таъриху фарҳангӣ миллӣ, тарбиятгари насли ҷавону наврас, минбари таблиғу ташфиқи ҳунару фарҳанг номид.

Сипас, аз ҷониби иштирпокчиёни Конференсия-директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ директори Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Асозода Ҳотамшо, намояндаи Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи А. Рӯдакии ш. Панҷакент Насиба Зоирова, корманди Осорхонаи миллӣ Фариддун Кенҷаев, директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ВМКБ Хушомади Алидод, директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг Амирхон Саидзода ва дигарон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Бо ироаи маърӯзаҳо иштирокчиёни ҳамоиш барои пешрафти фаъолияти Осорхонаҳо дар ҷумҳурӣ якчанд пешниҳодҳоро аз қабили: муҷаҳҳаз намудани Осорхонаҳои кишвар бо таҷҳизотҳои техникӣ, иштироки кормандони осорхонаҳо дар курсҳои такмили ихтисос, тайёр намудани мутахассисони забондони соҳаи осорхона, таваҷҷуҳи хос ба ҷобаҷогузории нигораҳо ва тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, ҷалби хонандагону ҷавон ба Осорхона ва дигар таклифо пешниҳод гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ ба 100 нафар иштирокчиёни Конференсия Гувоҳномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

16.05.22.3 116.05.22.3 216.05.22.3 416.05.22.3 316.05.22.3 516.05.22.3 616.05.22.3 816.05.22.3 916.05.22.3 10