Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 15:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Идомаи семинарҳои омӯзишӣ ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мутахассисони соҳаи фарҳанг

16.05.22.1 1Аз 5 то 12 майи соли ҷорӣ вобаста ба амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз қабили шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияҳои Лахш, Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Файзобод, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб семинарҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи фарҳанг ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикстон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримодии фарҳанги халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025” баргузор шуданд.

Дар ҷараёни баргузории семинар ва мониторинг аз Вазорати фарҳанг сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Орифӣ Озар Баҳромзода ва сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста Олимшоев Акмал иштирок намуда, иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаҳоро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Инчунин вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ, таъминот бо кадрҳои соҳибтахассус, пешниҳоди дурусти ҳисоботҳои хаттию оморӣ, ҷараёни омодагиҳо ба баргузории чорабиниҳо, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ба кормандони муассисаҳои фарҳангӣ супоришу тавсияҳои амалию методӣ барои хубу беҳтар гардидани фаъолияти корӣ низ пешниҳод гардиданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

16.05.22.1 216.05.22.1 3