13.05.2022с.
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов рӯзи 13 майи соли ҷорӣ бо иштироки ректори муассиса Достизода Миралӣ тақсимоти давлатии хатмкунандагон ба ҷойҳои кор баргузор гардид.
Ҳайати комиссияи тақсимот 38-нафар хатмкунандагони фаъолу бомаҳорати Консерваторияро тибқи роҳхат ба муассисаҳои давлатии соҳаи санъат сафарбар намуданд.
Роҳбарияти Консерватория тасмим гирифтааст, то ба ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони муассиса мусоидат намояд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг