Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории консерти ҳисоботии Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳурявӣ ба номи М. Атоев

13.05.22.4 2Рӯзи 13 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳурявӣ ба номи М. Атоев” бахшида ба 25–солагии Ваҳдати миллӣ ва 30–юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҳисоботии муассиса баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, намояндагони муассисаҳои тобеи вазорат, роҳбарият устодону шогирдони муассиса ширкат варзиданд.

Консерти ҳисоботии шогирдони муассиса бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, иҷрои суруду оҳангҳо аз ҷониби муҳассилин дар сатҳи баланди касбӣ пешниҳод гардид.

Дар фарҷом Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба шогирдони муассиса барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани барномаи ҳунарӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуда, дар хонишу эҷотиёти минбаъдаашон муваффақиятҳо орзу намуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

13.05.22.4 313.05.22.4 513.05.22.4 413.05.22.4 1