Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Шоми Шашмақом” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон

13.05.22.1 2

13.05.22.1 1

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 12 майи соли ҷорӣ, бахшида ба Рӯзи “Шашмақом” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев консерт таҳти унвони “Шоми Шашмақом” баргузор гардид.

Дар маҳфили ҳунарӣ муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, коршиносони соҳа, устодон, аҳли фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.

Барномаи ҳунариро нахуст Назариён Обид Одил ифтитоҳ бахшида, аҳли нишаст, ҳунармандони мақомсарои кишварро бо Рӯзи “Шашмақом” табрику таҳният гуфта, дар фаъолият ва эҷодиёташон комёбиҳои назаррас таманно намуд.

Муовини аввали вазири фарҳанг дар идома суханронии хеш иброз дошт, ки “Имрӯзҳо маҳз бо дастгирифҳои пайвастаи Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусиқии асили тоҷик, санъати безаволи ниёгонамон “Шашмақом” рушду нумӯъ намуда, дастаҳои мақомсароён дар саросари мамлакат ба кору фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин самт устодону ҳунармандон барои тарбияи насли ҷовон кӯшишу заҳмат мекашанд. Дар муассисаҳои таълими мусиқӣ ҷавонони зиёди барои аз бар намудани ин санъати асил талошҳо доранд. Дар ин роҳ ба ҳар як донишҷӯ барору комёбиҳо орзумандам”.

Сипас, барномаи ҳунарӣ зери унвони “Шоми Шашмақом”, дастагули суруду оҳангҳои классикӣ дар иҷрои мақомхонони машҳуру бомаҳорати ҷумҳурӣ, гурӯҳҳои рақсии “Зебо” ва “Ҷаҳоноро” зери навоҳои классикӣ рақсҳои ҷаззобу дилангезро пешкаши аҳли нишст гардониданд.

“Шоми Шашмақом” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса, хотирмону диданӣ баргузор шуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

13.05.22.1 313.05.22.1 413.05.22.1 613.05.22.1 713.05.22.1 813.05.22.1 513.05.22.1 913.05.22.1 10