Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳошим Гадо - ҳунарманди нотакрор, коргардони маъруф

13.05.22 1Рӯзи 12 майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодӣ-омӯзгории Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори фахрии Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадо баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин марди ҳунар суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард , ки “Аз ҷониби устод Ҳошим Гадо дар сатҳи баланди касбӣ офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш» - и Гогол, нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет» - и Шекспир, «Эдип» - и Софокл, нақши Сино дар «Ҷавонии Сино», Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат» - и Шиллер, Наср дар «Рӯдакӣ» - и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа» - и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон» - и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек» ва дигар нақшҳои хотирмон собит намуданд, ки ҳунарманди нотакрор ва яке аз бозёфтҳои беназири театри тоҷик мебошад”.

Мавсуф ҳамчунон, тазаккур дод, ки устод Ҳошим Гадо соли 1999 ба ифтихори 1100 - солагии Давлати Сомониён, ки ба ҷашни бузурги умумимиллӣ табдил ёфт, дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо тамошобин нақши Шоҳ Исмоили Сомониро моҳирона иҷро намуд ва соли 2008 ба шарафи 1150 - солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ спектакли Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ» - ро ба саҳна гузошта, бори дигар бо ҳунармандии худ дили мардуми фарҳангдӯсти мо хосса аҳли фарҳангу ҳунарро тасхир намуд.

13.05.22 2

Воқеан, нақшҳои офаридаи устод ва нахустнамоиши спектакли «Эдип» дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо» - и шаҳри Москва ҳунармандро машҳури ҷаҳон гардонданд. Мо аз он ифтихор мекунем, ки ин ҳунарманди асил санъату ҳунари мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ба таври барҷаста ва шоиста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки Тоҷикистон низ ҳунару ҳунармандони шоистаи таҳсину офарин дорад.

Устод Ҳошим Гадо чандин сол аст, ки ба кори омӯзгорӣ низ машғул буда, соли 1996 дотсент ва баъдтар ҳамчун профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кору фаъолият менамояд. Ҳошим Гадо устоди садҳо ҳунарманди маъруфи саҳнаи театр ва кинои тоҷик буда, беш аз 100 нақш офарида, зиёда аз 40 намоиши хурду калонро ба саҳна гузоштаанд. Устод дар баробари ҳунармандӣ, инчунин ба нависандагӣ мароқи беандоза дошта, муаллифи зиёда аз 400 ҷилд китобу мақолаҳои баландмазмун ва эссеҳои фалсафӣ мебошанд.

Пас аз суханронии ректори донишкада филми мустанади кӯтоҳмуддате оид ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари эҷодии Ҳошим Гадо намоиш дод шуд.

Дар доираи баргузории чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаш гардид, ки меҳмонону иштирокчиён бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.

13.05.22 313.05.22 413.05.22 5