Рӯзи 11 майи соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо, кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорат ва муассисаҳои тобеъ оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таҳрири нав таҳия шудааст семинар-машварат баргузор шуд.
Нахуст Шарифзода Манучеҳр Муртазо семинарро ифтитоҳ бахшида, ҳузури кормандони Кумитаи андозро ба Вазорати фарҳанг хайрамақдам гуфт.
Кормандони кумитаи андоз Нурзода Ҷумъахон - Сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, Обиди Муҳаммадсаид - Сардори шуъбаи Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, Аъзамов Қаландар - сармутахассиси Раёсати такмили қонунгузории андоз оид ба моҳият ва бандҳои асосии Қодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав баромад намуданд.
Дар фарҷоми семинар-машварат кормандони Кумитаи андоз ба суолу пурсишҳои кормандони вазорат вобаста ба тағиру иловаҳои воридгардида ҷавобҳои амиқ пешниҳод намуданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг