Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти ҳисоботии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов баргузор шуд

11.05.22.2 1Рӯзи 10 майи соли равон дар толори калони Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов" бахшида ба муносибати 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар консерти шогирдони муассиса Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Достизода Миралӣ, Раиси иттифоқи композиторони Тоҷикистон Мусозода Амирбек, Раиси Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Гулаҳмадзода Зулфиқор, роҳбарони муассисаҳои таълимии Вазорат ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи бахши мусиқӣ ва муайян намудани маҳорати касбии шогирдон баргузор шуда, барномаи консертӣ аз 16 асарҳои гуногуни композиторони ватанию ҷаҳонӣ пешкаши аҳли нишаст гардид.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

11.05.22.2 211.05.22.2 311.05.22.2 4