Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 15:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Шашмақомро таҷлил кард

11.05.22.1 2Рӯзи 7 майи соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти шашмақомсароёни кафедраи созӣ - иҷрокунандагӣ баргузор гардид.

Маҳфили фарҳангиро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз бахшида, зимнан тазаккур дод, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нодиртарин ва қадимтарин жанри сарояндагӣ - шашмақомсароӣ, ки таърихи тӯлонии чандинасра дорад, мақоми давлатӣ гирифт ва дубора эҳё шуд. Ин саъю талошҳои хастанопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дарак медиҳад, ки ин шахсияти фарзона ба арзишҳои миллӣ, мисли санъати мусиқӣ эҳтироми воло доранд.

Ташкили ансамблҳои шашмақомсароён дар муассисаҳои фарҳангии кишвар, аз ҷумла донишкадаи мо зарурати тарбияи сарояндагони касбии ҷавонро дар эҳё намудани мусиқии суннатӣ тақозо кард ва ба ҳамин хотир иддае аз бонувон ва ҷавонписарони овозхон тавассути озмуну ҷашнвораҳо ба саҳнаҳои калони ҳунарӣ ҷалб карда шуданд”.

Муҳриддин Низомӣ аз таърихи Шашмақом ёдовар шуда, ҳамзамон иброз дошт, ки аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён соли 1947 дар назди Радиои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсаро нақши назаррас гузоштааст. Ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ, назири Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ, Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров ва дигарон ҷалб шуданд.

Ректори донишкада таъкид намуд, ки ин мероси пурғановати миллиро ҳифз кардан ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлат, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар низ мебошад.

Пас аз ироаи сухани ифтитоҳии ректори донишкада барномаи консертӣ баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни донишкада дар ҳавои оҳангҳои марғуб ва созҳои дилнишини Шашмақом таронасароӣ карданд.

11.05.22.1 111.05.22.1 311.05.22.1 4