Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 15:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Юсупов Ахмед: рассом-зинданигор

11.05.22. 3Дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов” рӯзи 5 майи соли равон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷаста, бузургони олами санъати тасвирӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии рассоми тоҷик Ахмед Юсупов” баргузор гардид.

Юсупов Ахмед-рассом-зинданигор, корманди шоистаи санъати Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дорандаи ҷоизаи озмуни Ҷумҳуриявии “Муаллими беҳтарини сол” мебошад.

Аз соли 1970 то ҳоло дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов” ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамояд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло оғоз бахшида, аз хислатҳои беҳтарини педагогӣ ва эҷодии Ахмад Юсупов ёдовар шуда, дар фаъолияти минбаъдаи рассом таманниётҳои нек орзу намуд.

Дар Конференсия омӯзгори калони коллеҷ Назаров Тағоймурод доир ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти эҷодии рассом ва устоди тавоно бо маърӯзаи “Хӯшае аз зиндагиномаи Ахмед Юсупов”, декани факулттети санъати тасвирӣ-Сариева Камила дар мавзӯи “Роҳи эҷодии Ахмед Юсупов”, донишҷӯи бахши 4-уми муассиса Айдармамадова Ясмина дар мавзӯи “Таҳлили мухтасари эҷодиёт Ахмед Юсупов” ба маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, профессори Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов” Сайфудинов Анваршоҳ, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳамидова Наргис, омӯзгори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Улҷабоевава М. ҳамкорону шогирдон доир ба хислатҳои аҷибу ибратомӯз, ҳунару истеъдоди устоди беназири санъати тасвирӣ ибрози ақида намуданд.

11.05.22. 111.05.22. 411.05.22. 2