«Шашмақом» - шоҳасари безавол, мусиқии пурғановат ва мероси пурбаҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамасола рӯзи 12 май дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Аз ҷониби Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҳамчун ёдгории ҷаҳонии ғайримоддӣ эълон гардидани мусиқии асили халқи тоҷик “Шашмақом” шукӯҳу шаҳомати онро дар арсаи олам бештар намуд.
Ба ин муносибат бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 12 майи соли 2022, соати 17:30 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев барномаи рангину дидании ансамбли «Шашмақом»-и муассиса баргузор мегардад.
Мухлисони мусиқии асали тоҷикро ба тамошои ин барнома даъват менамоем.