Бахшида 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 майи соли равон дар толори калони Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ” консерти ҳисоботии хонандагони муассиса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, коршиносони соҳа ва волидони муҳассилин ширкат доштанд.
Чорабинӣ бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи бахши мусиқӣ ва муайян намудани маҳорати касбии муҳассилин баргузор шуда, барномаи консертӣ аз 20 асарҳои гуногуни композиторони ватанию ҷаҳонӣ пешкаши мухлисони санъати асил гардид.
Дар фарҷоми маҳфил мутахассисони соҳа ба сухан баромада, асарҳои иҷронамудаи толибилмонро бо баҳои баланд сазовор донистанд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг