Рӯзи 6 майи соли равон ба муносибати Иди Саиди Фитр ва Рӯзи Ғалаба аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 36 нафар хонандагони аз синфи 1 то 11-и Мактаб-интернати назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1- и ноҳияи Лахш туҳфаҳои хотиравӣ - либосҳои варзишию мавсимӣ бо маблағи 4 700 сомонӣ тақдим гардид.
Дар маросими тақдими тӯҳфаҳо Раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб ва сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Орифӣ Озар Баҳромзода ширкат намуда, вобаста ба дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, махсусан, ғамхорию парасториҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ниёзманди ҷомеа ва шароиту имкониятҳои ҷойдоштаи таълиму тарбия ибрози назар карданд.
Ҳамзамон, масъулин бо вазъи таълиму истиқомати хонандагони Мактаб-интернат шиносоӣ пайдо намуда, барои пешрафти фаъолият ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассиса тавсияву таклифҳо ироа намуданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг