Бо гузашти замон ҳодисаҳо, андешаҳо, рӯйдодҳо ва объектҳо моли таърих мешаванд ва арзандатарини онҳо мероси таърихию фарҳангӣ ё ба ибораи дақиқтар сарватҳои таърихию фарҳангӣ ҳисобида мешаванд. Объектҳои таърихию фарҳангӣ бевосита инъикоскунанда ва ифодакунандаи ҳодисаву воқеаҳо, набарду муборизаҳо, саргузашту зиндагонӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ мебошанд. Дар кишвари мо зиёда аз 3000 ёдгориҳои бостонӣ, меъморӣ ва монументалии таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошад. Аз ин ёдгориҳо кам нестанд ёдгориҳои таърихие, ки ба Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.
Аз таърихи начандон дур ҳамагон медонем, ки Тоҷикистони замоне дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) буда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам дар ақибгоҳ саҳми бузург гузоштааст. Он замон ҷумҳурии 1,5 миллион нафарии Тоҷикистон наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба фронт фиристодааст, ки наздик ба 100 ҳазор нафарашон барнагаштаанд. Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон доданд. Аз ҷумла, дар он замонҳои мушкил ба фронт 650 ҳазор тонна ғалладона, 178 ҳазор тонна нахи пахта, ҳазорҳо мошин фиристод ва ба Хазинаи мудофиа ва силоҳсозӣ зиёда аз 1 миллиард рубли шӯравиро интиқол дод. Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор нафар мукофоти гуногун гирифта, зиёда аз 60 тоҷикистонӣ соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.
Ёдгориҳои қаҳрамониҳои он замон ва шаҳидони роҳи дифоъ аз Ватан имрӯз низ дар саросари Тоҷикистон зиёд аст. Ёдгориҳои таърихии ба Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидашуда дар шакли ёдгориҳои меъморӣ ба мисоли биною иншоотҳои меъморӣ, монументалӣ ба мисоли лавҳаҳои ёдбуд, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гӯшаҳои диёр мебошанд.
Инчунин ҳукумати ҷумҳурӣ барои гиромидошт ва эҳтирому қадрдонии касоне, ки дар ҷанг иштирок карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд кӯчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мавзеъҳоро ба номашон номгузорӣ кардаанд. Мо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар тақрибан инро мушоҳида мекунем, масалан боғҳои фарҳангиву фароғатии "Аскари номаълум", ё боғҳои "Ғалаба" ва дигар. Ба ҳамин тариқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе низ ёдгориҳои зиёде мавҷуд аст, ки мо метавонем аз он ёдовар шавем. Масалан "Боғи Ғалаба", мавзеи хеле зебою дилрабо ва ободу гулгулшукуфони пойтахт, инчунин ёдгории дигар лавҳа ва танке мебошад, ки ҳазорон ҳазор нафар аз он ба унвони хотира ва ёдоварӣ аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дидан менамоянд.
Гузоштани лавҳаҳои ёдбуд, нимпайкараву муҷассама, номгузорӣ кардани мавзеу маконҳо ба номи қаҳрамонҳо ин маънои онро дорад, ки давлат ва миллат дар ҳама давру замон барои КАСОНЕ, КИ БАҲРИ ВАТАН ХИЗМАТ КАРДААНД, ВАТАНРО ҲИМОЯТ КАРДААНД ВА БАҲРИ ВАТАН ҶОН СУПУРДААНД, АРҶ МЕГУЗОРАД! Ба ин хотир, чун гузаштагони ба ору номус бояд ҲАМЕША БО ВАТАН БОШЕМ!
ИДИ ҒАЛАБА МУБОРАК БОШАД!
Мирзошариф Абдусаломов
ваколатдори ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ