Дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов рӯзҳои 4 ва 5 майи соли ҷорӣ аз ҷониби Ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Россия, профессори АМР Богданов Юрий Александрович, ки бо сафари кӯтоҳмуддат дар ҷумҳурӣ қарор доранд, ба донишҷӯёни шуъбаи фортепианои тахассусии муассиса дарси маҳорат баргузор гардид.
Донишҷӯёни ин шӯъба бо муҳаббату самимияти беандоза, бо шавқу завқи хос дар дарси маҳорати ҳунарманди рус иштирок намуда, аз нозукиҳою навозиши ин сози мусиқӣ баҳраманд гардиданд.