Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 15:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили 150-солагии Сергей Рахманинов дар Консерваторияи миллӣ

10.05.22.2 3Рӯзи 4 майи соли равон дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба 150-солагии оҳангсози маъруфи рус Сергей Рахманинов ва 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор шуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ ҳайати меҳмонон аз Федератсияи Россия: ректори Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо (АМР), доктори санъатшиносӣ, профессор Рыжинский Александр Сергеевич, доктори илмҳои санъатшиносӣ, доктори илмҳои равоншиносӣ, ноиби ректор оид ба робита бо ҷомеаи АМР, профессор Кирнарская Дина Константинова, Ҳунарпешаи шоистаи Россия, профессори АМР Юрий Богданов ва профессори АМР Екатерина Стародубровская иштирок намуда, бо ҳунару санъати волои хеш дар саҳна ҳунарнамоӣ намуданд.

Устодону шогирдони муассиса бо шавқу завқи беандоза, зери кафкубиҳои бардавом аз ҳунарнамоии меҳмонон истиқбол намуданд.

10.05.22.2 110.05.22.2 210.05.22.2 4