Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ муваффақиятҳои назаррасро соҳиб гардиданд

03.05.22.3

Дар Филиали минтақавии Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи марти соли равон бахшида ба Иди Наврӯз Озмуни байналмилалии навозиши созҳои миллии мусиқӣ таҳти унвони “Наврӯз тароналарӣ” баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади эҳё ва ҳифзи мусиқии миллӣ баргузор шуда, бо истифода аз созҳои миллӣ дар шакли навозиши инфиродӣ ва гурӯҳӣ (ансамбл) гузаронида шуд.
Дар озмуни мазкур аз 8 давлат довталабон ширкат намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин озмун донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо 12 номгӯи мусиқӣ муаррифӣ намуданд.
Шогирдони муассиса Қаландарзода А. (дар сози қонун), Саъдонов Б. (дар сози рубоби афғонӣ), Ашуралиев И. (дар сози рубоб – прима), Назаров М. (дар сози қонун), Талбизода М. (дар сози думбра), Мамаднабиева Н. (дар сози сетор), Муродов Н. (дар сози най), Исмоилов С. (дар сози рубоби қошғарӣ), Хушаев У. (дар сози танбур), ХуррамшоеваФ. (дар сози ғиҷҷак), Бойматов Ш. (дар сози чанг) ва ансамбли донишҷӯён наворҳои видеоии хешро пешниҳод карданд.
Тибқи хулосаи ҳакамони озмуни байналмилалӣ 4 нафар донишҷӯёни донишкада - Ашуралиев И. (дар сози рубоб – прима) сазовори ҷои дуюм, Талбизода М. (дар сози думбра), Муродов Н. (дар сози най) ва Саъдонов Б. (дар сози рубоби афғонӣ) сазовори ҷойи сеюм гардида, бо дипломҳои озмун қадрдонӣ гардиданд.
Барои иштироки фаъолона иштирокчиёни озмун бо диплом, инчунин омӯзгорони донишҷӯёни ғолибомада низ бо диплом барои омода намудани ғолибон қадрдонӣ гардиданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки аз 1 то 28 марти соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия VI –мин озмуни байналмилалӣ оид ба забони русӣ таҳти унвони «Великое русское слово, свободным и чистым пронесем» баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби хоҳишмандон ва омӯзандагони забони русӣ аз кишварҳои хориҷӣ буда, тариқи онлайн миёни кишварҳои ИДМ гузаронида шуд.
Дар озмуни мазкур 7 нафар донишҷӯёни донишкада тариқи ғайриҳузурӣ (бо пешниҳоди сабти видеоӣ) ширкат варзиданд.
Бо хулосаи ҳакамони озмун донишҷӯёни донишкада - Набизода К., Махкамов Н., Ҷумазода Ш., Абдуллозода О. ва Наврузова Н. бо Дипломи дараҷаи 1, инчунин Алиев П. бо Дипломи дараҷаи 2 ва Бегов М. бо Дипломи даҷаи 3 қадрдонӣ гардиданд.
Ғолибонро ҳайати ҳакамони озмун бо роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой – профессор Полякова Елена Александровна тариқи онлайн табрик намуда, ба маҳорату истеъдоди донишҷӯён баҳои баландро сазовор донистанд.
Ҳамзамон, Меҳриддин Холов–сардори раёсати робитаҳои байналмилалии донишкада бо Грамотаи фахрӣ барои ҳамкорӣ дар баргузории озмун, Нуъмонова Гулчеҳра – мудири кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна ва Каримова Гулнора – омӯзгори калони кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна барои саҳми арзанда дар омода намудани донишҷӯён ба озмуни байналмилалӣ бо Грамотаи фахрӣ қадрдонӣ гардиданд.
Рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин диплому сипосномаҳои байналмилалӣ дар ҳузури омӯгорону донишҷӯён ба ғолибони озмунҳо тақдим гардид.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг