Сомонаи пешина | Ҷм, 02 Июн 2023 / 10:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ансамбли рақсии "Зебо" дар Фестивали байналмилалии "Рақси лазгӣ" сазовори ҷои дуюм гардид

03.05.22.1 6Аз 25 то 30 апрели соли равон Ансамбли давлатии рақсии "Зебо" барои иштирок дар Фестивали байналмилалии "Рақси лазгӣ" ба шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Ҳунармандони Ансамбл дар Фестивал миёни 30 давлати дунё бо рақсҳои ҷаззобу дилфиреби тоҷикона баромад намуда, соҳиби ҷои дуюм гардиданд.

Дар ин бора директори гурӯҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанг Бахтовар Раҳмонзода хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки Бахтовар Раҳмонзода 13 нафар ҳунармандони Ансамблро таҳти роҳбарии Артисти халқии СССР Зебо Аминзода ҳамроҳӣ менамояд.

Муваффақияти ҳунармандони Ансамбли рақсии "Зебо"-ро дар Фестивали байналмилалӣ табрику таҳният мегӯем.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

03.05.22.1 103.05.22.1 403.05.22.1 503.05.22.1 303.05.22.1 2