Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев 110 солагии шоир Боқӣ Раҳимзодаро ҷашн гирифт

03.05.22 2

Рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ дар толори консертии Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ 

ба номи М. Атоев” консерти ҳисоботии шуъбаи анъанавии муассиса бахшида ба 110 солагии зодрӯзӣ шоири ширинкаломи тоҷик, зиндаёд Боқӣ Раҳимзода зери унвон “Эъҷози сухан” баргузор гардид.

Барномаи "Эҷози сухан" дар таҳияи мудири шӯъбаи анъанавии муассиса Тоҷиддин Раҳимзода баргузор шуда, аз қисматҳои қироати шеърҳо ва сурудҳои дилнишину шӯҳратёфта аз эҷодиёти шоири тавоно, дар иҷрои устодону шогирдони муассиса иборат буд.

Нахуст директори муассиса Қиёмиддин Иброҳимзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ташрифи меҳмононро ба маҳфили шеъру суруд хайрамакдам гуфт ва аз саҳми беандоза ва хизматҳои арзандаи шоир дар адабиёти муосири тоҷик суханронӣ намуд.

Сипас, Тоҷиддин Раҳимзода оид ба ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти шоир маърӯзаи пурмӯҳтавое манзури ҳозирин гардонид.

Устодону шогирдони муассиса аз эҷодиёти шоир шеъру сурудҳои "Республикаи ман", "Тоҷикистонам", "Иди Зафар", "Зебо Ватан", " Марҳабо", "Дар лаби обе" ва дигар сурудҳои дилнишинро дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намуданд, ки писанди аҳли нишаст гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маҳфил фарзандон, дӯстону наздикони шоир ҳузур доштанд ва барои баргузории чунин маҳфил ба роҳбарият, устодону шогирдони муассиса арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Барномаи консертии муассиса ҷолибу диданӣ ва бо шукӯҳу шаҳомат хосса баргузор шуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

03.05.22 503.05.22 303.05.22 403.05.22 103.05.22 603.05.22 7