Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Меҳргони Истиқлол”- семинари илмию назариявӣ

22.10.21.67Имрӯз, 22 октябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар мавзуи «Меҳргони Истиқлол» семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашни бостонӣ изҳори андеша намуд. Номбурда, аз ҷумла зикр намуд, ки “Ҷашни Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, ниёгонамон ин ҷашни бостониро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир карда, умеду орзу ва нияту ҳадафҳои худро дар доираи он ифода менамуданд”.

Сипас, аз рӯи барномаи семинар маърӯзачиён бо навбат суханрониҳо намуда, дар атрофи мавзӯъҳои худ муҳокимарониҳо намуданд. Фарҳод Махсудзода-муовини ректор оид ба таълим перомуни мавзӯи «Хусусиятҳои сенарӣ – режиссиёрии таҷлили ҷашни Меҳргон», Баҳрулло Хайруллозода-муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ дар мавзуи , «Ташкил ва баргузории ҷашни Меҳргон дар муаррифии ҳунармандон», Собир Боев - декани факултаи санъати театрӣ дар мавзӯи “Нишонаҳои табии Меҳргон ва боварҳои асотирӣ”, Дилшод Умаров-муовини декани факултаи санъати театрӣ дар мавзуи “Меҳргон ва вижагиҳои ҷашнгирии он”, Насибова Марҳабо - омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ дар мавзӯи “Меҳргон-таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ”, Зоҳири Сайфулло - омӯзгори кафедраи режиссура ва продюсерӣ дар мавзӯи “Меҳргон ва аҳамияти байналмилалии он”, Юсупов Кароматулло - докторант аз рӯи ихтисоси (PchD) фаъолияти фарҳангии фароғатӣ дар мавзуи “Меҳргон ва эҳёи он дар даврони соҳибистиқлолӣ”, Нуров Нодир - омӯзгори кафедраи режиссура ва продюсерӣ дар маввзуи “Меҳргон намоде аз ҳуввият, ҳамбастагӣ ва нишоти иҷтимоӣ” ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин ҷашни бостонӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

22.10.21.6 122.10.21.6 222.10.21.6 3