Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи намоиши “Эъҷоз”

22.10.21.5 2Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии фаъолияти эҷодии рассом Раҳимов Умар конференсия-намоиши асарҳои илмиву эҷодӣ таҳти унвони “Эъҷоз” баргузор гардид.

Конфронсро сардори муассиса Иброҳимов И. ифтитоҳ бахшида, тазаккур дод, ки Раҳимов Умар аъзои иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС, аъзои иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Академияи мусаввирони Тоҷикистон, дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров”, намояндагони Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд ва устодону донишҷӯёни факултети Санъати тасвирӣ ва технология, факултети Санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Б. Ғафуров”, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Дар фарҷом бо буридани лентаи рамзӣ иштирокдорон бо фаъолияти устоду шогирдон аз наздик ошноӣ пайдо намуда, дар рафти тамошо садои гӯшнавози мусиқии миллӣ ба ҳамагон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Рассом Раҳимов Умар дар инкишофи санъати асили тоҷик амсоли наққошӣ, кошинкорӣ ва хишткорӣ саҳми босазо дорад.

Ин рассоми некбин асарҳои худро дар мавзӯъҳои мухталифи зиндагонӣ эҷод намудааст, ки аксарияти онҳо урфу одат ва анъанаҳои миллии тоҷиконаро дар бар мегиранд. Намоишгоҳро зиёда аз 70 адад асарҳои рассоми чирадаст ва асарҳои шогирдонро дар бар мегирад, ки муддати як моҳ шавқмандони санъати бадеъ меиавонанд аз он дидан намоянд.

22.10.21.5 122.10.21.5 322.10.21.5 4