Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳамоиши илмӣ-оммавӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон дар Китобхонаи миллӣ

21.10.21.2 1Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабинҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи милии Тоҷикистон” чорабинии илмӣ- оммавӣ таҳти унвони «Меҳргон ҷашни бузурги Хусравон» доир гардид. Дар ҳамоиш донишмандон ва фарҳангшиносон аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, намояндагони ВАО ва кормандони Китобхона ширкат намуданд.

Чорабиниро муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Ҷалолуддин Нурзода ҳусни оғоз бахшида, аз таърихи ҷашни Меҳргон, ки мардуми мо аз қадим ба арзишҳои фарҳангию оинҳои хеш эътиқоду эътимод мегузорад, ёдовар шуд.

Ҳамзамон корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Мумина Шовалиева дар мавзуи «Меҳргон иди миллӣ ва анъанавии тоҷикон» ва Гулафзо Розиқова мутахассиси пешбари Раёстаи муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазортаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Пайдоиши иди Меҳргон” суханронӣ намуданд.

21.10.21.2 121.10.21.2 2