Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Меҳргон – иди меҳру муҳаббат ва файзу саховат

21.10.21.1 1Рӯзи 20 октябри соли ҷорӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҷашни Меҳргон бо шиору овезаҳои «Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад!», «Меҳргон иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат аст!», «Меҳргон рӯи сурху дастархони пури шумост!, «Иди Меҳргон муборак бод!» таҷлил гардид.

Дар ин ҷашни бостонии мардуми ориёинажод профессорон Урбатулло Тоиров ва Мисбоҳиддин Маҳмудзода аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, меҳмонон аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии кишвар ҳузур доштанд.

Садорати факултаҳо дар алоҳидагӣ бо суннатҳои ҷашни Меҳргон бо истифода аз дастранҷи деҳқонон-анвои меваҷоту сабзавот, ғалладонагию полизӣ ва таомҳои миллӣ хони меҳргонӣ оростанд. Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар суханронии хеш ҷашни Меҳргонро монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ, мисли Наврӯзу Тиргон ва Сада ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ – нуҷумӣ, кишоварзӣ ва маданӣ номид.

Сипас, ректори донишкада дар доираи чорабинӣ ба устодон Аминӣ Алишер, Лутфулло Ниёзов ва Майрам Мамадазимова нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ифтихорномаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон”-ро тақдим намуд.

Барномаи фарҳангии донишкада зери унвони “Зафар” дар таҳияи ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов ва Ашӯрмамад Ғуломов пешкаши аҳли нишаст гардид, ки басо ҷолибу диданӣ ба назар мерасид.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён шеъру суруд дар васфи ин ҷашни ниёгон ва рақсҳои ҷаззоби гулдухтарони ансамбли “Бунафша” манзур гардид, ки хотири иштирокдорони ҷашнвораро болида гардонид.

21.10.21.1 221.10.21.1 421.10.21.1 3