Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мусоидат дар тарбияи маърифатии насли наврас тавассути мероси мондагори мусиқӣ

20.10.21.519 октябри соли 2021 дар Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти ходимони номдори фарҳангу санъати тоҷик, Зиёдулло Шаҳидӣ, Фозил Солиев, Шариф Бобокалонов, Фазлиддин Шаҳобов, Шарофиддин Сайфиддинов, Шоҳназар Соҳибов ва дигарон дарси Осорхонавӣ бо истифода аз ашёҳо ва нигораҳои осорхона дар мавзӯи “Бунёдгузорони мусиқии касбии тоҷик” баргузор гардид.

Дар маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ таълимгирандагони маркази эҷодӣ ва экологии назди китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М.Миршакар иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи маҳфил директори Осорхона Шоев Юсуф аз фаъолияти ин шахсиятҳои зиндаёди миллати тоҷик ва ҳифзи мероси мусиқии касбӣ ёдовар шуда, хизматҳои арзандаи онҳоро дар рушди фарҳанг ва санъати миллӣ арзёбӣ намуд.

Порчаҳо аз асарҳои мусиқии композиторони тоҷик, ки дар саҳнаҳои калони ҳунарии дохил ва хориҷи мамлакат манзури шумораи зиёди тамошобинон гардидаанд, тариқи сабтҳои аудио-видеоӣ пешниҳоди иштирокчиёни маҳфил гардонида шуд.

Ташрифоварандагон, ки ҳама аз ҷумлаи хонандагони синфҳои поёнии муассисаҳои таълимии пойтахт ба шумор мераванд аз ин маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ таассуроти наҷибу хотирмон гирифта, бо шодию фараҳ ташрифи минбаъдаи худро ба ин Осорхона баён намуданд.